Взаимодействие гражданско-правовых норм, защиты чести и достоинства с уголовно-правовыми нормами о диффамации в отношении СМИ


Доклад представлен на таджикском языке

НУТКИ

Адвокат Иноятов И.Н.

Мавзуъ: Робита ва хамбастагии меъёрхои хукукии граждани оиди
химояи шаъну шараф бо меъёрхои  хукукии чинояти
оиди диффомация нисбати воситахои ахбори омма.
ш. Душанбе. 09.10.2008 сол.

Конфронси байналмиллали дар мавзуъи «Декриминализатсияи тахкир ва тухмат – кадами мухим дар рохи инкишофи демократия дар чомеъа ».
Масъалаи декриминализатсияи тахкир ва тухмат (диффоматсия)  мавзуъи мухими хукуки  буда, тахлил ва  тахкики  хаматарафаро талаб менамояд. Давлатхои хукукбунёд, ки  чомеъаи гражданиро бунёд мекунанд, ба ин мавзуъ ахамияти мухим дода, хатто   кисме аз ин давлатхо дар ин самт ба  пешравихои чидди ноил гардидаанд. Чунончи, дар   собик кишвархои шурави, ба мисли Украина, Молдова, Гурчистон, Озарбойчон алакай чавобгарии чинояти барои тахкир ва тухмат аз Кодекси чинояти хорич карда шудааст ва диффоматсия хамчун бахси граждани дар мурофиаи суддии граждани барраси карда мешавад.  Ба  масъалаи декриминализатсияи тахкир ва тухмат (диффоматсия) зарур аст, ки аз нуктаи назари алокамандии  ин  масъала  ба фаъолияти  журналисти ( воситахои ахбори омма) ва озодии сухан  назар афканем.   
Васоити  ахбори омма кувваи пешбарандаи  итилооти ва таргиботии чомеъа буда, накши онхо дар раванди инкишоф ва пешравии чомеъаи демократи хеле калон аст. Робитаи пурсамари итилоотии давлат ва чомеъа  дар бисёр чихат аз фаъолияти васоити ахбори омма  вобастагии калон  дорад. Аз ин ру, барои  танзими  хаматарафаи  фаъолияти васоити ахбори омма ва пурмасар гардонидани фаъолияти онхо,  зарур аст, ки  шароити муътадили кори  ва фазои озоди  иттилооти фарохам оварда шавад.  санадхои меъёри-  хукукие, ки ба талаботи меъёрхои  (стандартхои) хукукии байналмилали мувофиканд, кабул карда шаванд, махдудиятхои вучуддоштаи хукуки ва амали  дар сохаи озодии сухан  бартараф карда шаванд.  Аз ин ру, вобаста ба шароити нави пешрафти чамъиятии кишварамон, зарур аст, ки   конунгузории сохаи  фаъолияти васоити ахбори омма ба стандартхои байналхалкии озодии сухан  мутобик гардонида шаванд, масъалаи декриминализатсияи тахкир ва тухмат (диффоматсия) ба тарики    чидди мавриди омузиш  ва тахлили хаматарафа карор дода шавад.
Озодии сухан яке аз стандартхои асосии хукуки байналхалки буда, он озодии акида ва андеша, хукуки озодона сухан гуфтан,  плюрализим (гуногунандеши) ва нораво будани таъкиб барои танкидро кафолат медихад. Дар  моддаи 30 Конститутсияи Чумхурии Точикистон хукуки хар шахс ба озодии сухан ва  манъ будани цензура ва таъкиб барои танкид пешбини шудааст. Дар моддаи 19 Паймони байналхалки дар бораи хукукхои граждани ва сиёсии шахрвандон  хукуки озодона баён кардани акида ва хамзамон  дар мавридхои муаян бо максади эхтироми хукуку озодихои дигар шахрвадон бо конун  махдуд будани он,  пешбини гардидааст.Аз ин бармеояд, ки ду стандарти мухими байналхалки (мутаносибан меъёрхои конститутсиони), яъне стандарти байналхалкии «озодии сухан»  ва стандарти байналхалкии «эхтироми  хукуку озодихои дигар шахрвадон»  мустакиман амал намуда, яке  пурра амали  гардидани дигареро махдуд месозад. Тачрибаи чанд соли хукукхимоякунандагии банда нишон медихад, ки  журналистон дар асоси меъёрхои «озодии сухан» амал намуда,  шахсони мансабдори алохидаро зери танкид карор медиханд.Шахсони мансабдор бошанд танкидро хамчун  тахкир  кабул намуда,  дар асоси меъёри  «эхтироми  хукуку озодихои дигар шахрвадон» талаби ба чавобгарии чинояти кашидани журналистон ва чуброни зарари маънавиро  талаб менамоянд. Ин аст, ки дар амалия  бархурдории ду  мавкеъ (ду принсип), яке  чонибдорони декриминализатсияи тахкир ва тухмат (диффоматсия) ва дигаре мухолифини декриминализатсияи тахкир ва тухмат (диффоматсия) ба назар мерасад. Бешубха, дар баъзе  мавридхо  «моддахои чиноятии тахкир ва тухмат» ба шахсони алохидаи мансабдор химояи махсусро кафолат медиханд ва эшон дар асоси ин мукарарот ба чавобгари кашидани рузноманигоронро талаб менамоянд, ки ин холат ба рафанди озодии сухан бе таъсир монда наметавонад. Хурсандиовар он аст, ки имруз дар кишварамон парвандахои чинояти оиди  тахкир ва тухмат (диффоматсия) нисбати намояндагони васоити ахбори омма  зиёд нестанд, вале ба хар хол баъзе аз ин парвандахо тавонистаанд, ки ба фаъолияти касбии рузноманигорон таъсири манфи расонанд. Чунончи, парвандахои чинояти нисбати журналистон Ч. Толибов, М. Нозимова, Ф. Набиева, С. Курбонова дар миёни рузноманигорон вокуниш ба миён оварда, боиси фикру акидахои гуногуни итилооти гардид, ки кисме  онхоро дастгири ва кисми дигаре онхоро дар вайрон кардани этикаи рузноманигори айбдор донистаанд.Хамчунон, тахлилхои шахсии банда нишон медиханд, ки хангоми ба миён омадани бахсхои тахкир ва тухмат (диффоматсия), бештар чабрдидагон бо даъвои граждани ба суд мурочиат менамоянд, холатхои бо ариза мурочиат намудан оиди огози парвандаи чинояти хеле кам аст. Ин холат, худ шаходати он аст, ки алакай  тафакури декриминализатсияи тахкир ва тухмат (диффоматсия) дар шуури ахоли вокеъан ба миён омадааст.      
Дар ибтидо, зарур мешуморам кайд намоям, ки декриминализатсияи тахкир ва тухмат (диффоматсия) хеч гох мазмуни пурра аз чавобгарии хукуки дур карданро надорад, баръакс, мазмуни он  истисно намудани чавобгарии хукукии чинояти барои тахкир ва тухмат (диффоматсия) буда, пешбини намудани танхо  чавобгарии хукукии граждани мебошад. Худи мафхуми «диффоматсия» низ аз калимаи лотини буда, мазмуни «пастзанада» - ро дорад (зимнан дар ин мавзуъ «маълумоти бардуруги пастзананда»). Акнун назар меафканем ба баъзе пахлухои танзими конунгузории ин масъала. Конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон  барои паст задани шаъну шараф чавобгарии гражданиро пешбини менамояд. Дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, дар боби 6 , фасли 5, ки «Неъматхои гайримодди ва хифзи онхо» ном дорад, хифзи хукукхои гайримодди, аз чумла хифзи шаъну шараф ва эътибори кори дар моддаи 174 Кодекси граждани пешбини шудааст. Хамчунон дар моддахои  1115-1116 Кодекси граждани чавобгарии хукукии граждани барои паст задани шаъну шараф ва чуброни зарари маънави пешбини гардидааст.  Дар моддахои 34, 38  Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма»   аз 14 декабри соли 1990,  омилхои чавобгарии журналист,  асосхои  чуброни зарари маънави пешбини гардидааст. 
Дар баробари ин, барои тахкир ва тухмат (диффоматсия) дар Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон чавобгарии чинояти пешбини шудааст. Дар моддаи 135 Кодекси чинояти, чавобгарии чинояти барои  тухмат, дар моддаи 136 Кодекси чинояти, чавобгарии чинояти барои тахкир,  дар моддаи 137 Кодекси чинояти, чавобгарии чинояти барои тахкири оммавии Президенти Точикистон ва тухмат кардан ба у, дар моддаи 144 Кодекси чинояти, чавобгарии чинояти барои гайриконуни чамъ ва пахн кардани маълумот дар бораи хаёти шахси, дар моддаи 330 Кодекси чинояти, чавобгарии чинояти барои тахкири намояндаи хокимият пешбини гардидаанд.
Дар натичаи тахлили мазмунии меъёрхои конунгузории амалкунандаи Точикистон ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки барои диффоматсия хам чавобгарии граждани ва хам чавобгарии чинои пешбини шудааст ва ин меъёрхои хукуки мустакиман амал мекунанд.
Зимнан, зарур мешуморам, ки диккати шуморо ба хамбастагиву хаммонандии меъёрхои хукукии граждани ва меъёрхои хукукии  чинои вобаста ба диффоматсия чалб намоям. Зимнан бояд кайд кард, ки дар Кодекси чинояти барои паст задани шаъну шараф ва пахн кардани маълумоти пастзанандаи шаъну шараф чавобгарии хукукии граждани пешбини гардидааст. Дар кисми 1 моддаи 174 Кодекси граждани пешбини гардидааст, ки  агар шахси  пахнкардаи  маълумоте,  ки  шаъну  шараф  ё эътибори кории   шахрвандро паст мезананд, дурустии чунин маълумотро ба исбот нарасонад,  шахрванд хак дорад  аз тарики суд раддияи чунин маълумотро талаб кунад. Шахрванде, ки воситахои ахбори умум дар хусуси у  маълумоти халалдоркунандаи хукук ё манфиатхои бо конун хифзшавандаашро нашр кардаанд, хак дорад дар  хамон воситахои ахбори умум чавоби худро нашр кунад. Дар банди 6 моддаи номбурда пешбини гардидааст, ки шахрванде, ки дар хусуси у маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш  пахн гардидааст, хак дорад дар баробари раддияи  чунин маълумот, чуброни зиёни маънавии аз пахн кардани онхо расидаро низ талаб намояд. Хамин тавр, дар диспозитсияи моддаи 174 Кодекси граждани оиди ду намуди маълумоти бардуруг мукарарот пешбини шудааст: якум, маълумоти халалдоркунандаи хукук ё манфиатхои бо конун хифзшаванда, дуввум, маълумоте,  ки  шаъну  шараф  ё эътибори кории   шахрвандро паст мезананд. Ба хамин меъёрхои хукукии граждани монанд, вале ба истилохи махсуси хукукии чинояти, дар Кодекси чинояти (тахрири соли 1998) низ меъёрхои хукуки барои паст задани шаъну шараф дар шакли   тахкир, тухмат пешбини гардидаанд.  Дар диспозитсияи моддаи 135 Кодекси чинояти бошад, чунин пешбини гардидааст, ки тухмат, яъне дидаю дониста пахн кардани  маълумоти бардуруг, ки  обрую эътибори шахси дигарро паст мезанад ва ё ба номи некаш нанг меоварад, боиси чавобгарии чинояти мегардад.  Аз ин бармеояд, ки , хам дар моддаи 174 Кодекси граждани ва хам дар моддаи 135 Кодекси чинояти сухан дар бораи пахн кардани маълумоти бардуруг меравад. Дар ин ду  маврид хам  сухан дар атрофи  вайрон гардидани як объект, яъне поймол гардидани шаъну шараф, эътибори  инсон  меравад, вале танхо дар истифодабарии мафхумхо фаркият гузошта мешавад, Аз ин ру,   мувофики мукарароти Кодекси граждани, маълумоти бардуруг боиси  халалдоркунии хукук ё манфиатхои бо конун хифзшаванда ё ин, ки боиси  паст задани  шаъну  шараф  ё эътибори кории   шахрванд мегардад,  дар асоси мукарароти Кодекси чинояти бошад,  маълумоти бардуруг боиси обрую эътибори шахси дигарро паст задан ва ё ба номи некаш нанг овардан, мегардад. Мохиятан хардуи меъёрхо хифзкунандаи шаъну шарафи инсон мебошанд.  
Дар моддаи 136 Кодекси чинояти пешбини гардидааст, ки  тахкир, яъне беадабона, бо алфози кабех паст задани обру ва эътибори шахси дигар мебошад ва ин кирдор боиси чавобгарии чинояти мегардад. Зимнан, бояд кайд кард, ки дар Кодекси граждани низ пешбини гардидааст, ки  паст задани шаъну шараф бо рохи пахн кардани маълумоти пастзананда  боиси чавобгарии хукукии граждани ва чуброни зарари маънави мегардад. Мувофики моддаи 171 Кодекси граждани, агар ба шахрванд дар натичаи амалхои вайронкунандаи хукуки шахсии гайримоддии у ё ба неъматхои дигари гайримоддии шахрванд тахдидкунанда зиёни маънави (азобу шиканчаи чисмони  ё рухи)  расонида  шуда  бошад,  инчунин  дар  холатхои дигари пешбининамудаи конун суд метавонад шахси хукуквайронкардаро вазифадор созад, ки ин зиёнро чуброн намояд.Дар мавриди тахкир низ меъёрхои ба хам монанд хам дар сохаи хукуки чинояти ва хам дар сохаи хукуки граждани мавчуд мебошанд.
Тачрибаи хукукхимоякунандаи банда   нишон медихад, ки  аз тарафи макомоти хукуктатбиккунанда на хама вакт дар байни бахсхои граждани оиди химояи шаъну шараф ва парвандахои чиноятии тахкир ва тухмат фаркият гузошта мешавад, меъёрхои хукукии чинояти вобаста ба тахкир ва тухмат нодуруст шарх дода мешаванд. Холатхое ба назар мерасанд, ки  ба чойи парвандаи граждании химояи шаъну шараф ва эътибори кори, парвандаи чинояти  бо моддахои дахлдори тахкир ва тухмат огоз карда мешаванд ва  ё ин, ки баръакс. Чунончи,  соли 2007 холатхои  вучуд доштани бахси граждани оид ба  химояи шаъну шараф  дар байни сароянда Р. Рахимова бо хафтаномаи «Овоза» ба назари эътибор гирифта нашуда, аз тарафи макомоти хукуктатбиккунанда  парвандаи чинояти огоз карда шуда, сипас он  бинобар сабаби ошти шудани тарафхо дар истехсолоти судди катъ карда шуд. Хамчунон, хангоми баррасии парвандаи граждани бо даъвои У. Мирсаидов нисбати Ч. Икроми ва хафтаномаи «Точикистон»  пахлухои  пастзананда будан ва ё набудани маълумоти пахншуда ба назари эътибор гирифта нашуда буданд.  
Вобаста ба маънидодкуни ва татбики меъёрхои хукуки вобаста ба диффоматсия низ мухолифатхои чидди мавчуд мебошанд. Дар баъзе мавридхо меъёрхои хукукии граждани бо меъёрхои хукукии чинояти омехта шуда, боиси хам чавобгарии хукукии граждани ва хам чавобгарии хукукии чинояти мегарданд. Ба андешаи ман,  тахкир ва ё тухмат бояд танхо боиси як намуд чавобгарии хукуки гардад.Аз ин ру, ман фикр мекунам, ки  дар доираи мурофиаи кушоди суддии граждани  барраси гардидани парвандахои тахкир ва тухмат (диффоматсия)  дуруст  мебошад ва барои  татбики амалии озодии сухан ва гуногунандеши дар чомеъа мусоидат карда метавонад.       
Хуб, барои чи зарурияти декриминализатсияи тахкир ва тухмат (диффоматсия) ба миён омадааст? Якум, бояд кайд кард, ки дар натичаи  декриминализатсияи тахкир ва тухмат, имконияти пурра амали гардидани меъёри конститутсионии озодии сухан хеле меафзояд. Дар сурати аз Кодекси чинояти хорич намудани моддахои дахлдор оиди тахкир ва тухмат ва мукарар намудани  танхо чавобгарии хукукии граждании модди, таъсиррасонии хукукии- чинои ба воситахои ахбори омма аз байн меравад,  шароити мусоиди хукуки фарохам оварда мешавад, ки бахсхо оиди диффоматсия дар доираи мурофиаи хукукии граждани  мувофики принсипхои баробархукукии тарафхо ва   мубохисави будани мурофиаи судди дида баромада  шаванд.
Дуюм, усулхои аз тарафи шахсони алохида  махдуд кардани озодии сухан аз байн меравад. холатхои фишор овардан ба рузноманигорон ва махдуд кардани фаъолияти касбии онхо хеле кам мешаванд. Дар натичаи дар мурофиаи кушоди суддии- граждани барраси гардидани басхо вобаста ба тахкир ва тухмат (диффомация), имконияти  ба амал баровардани адолати судди хеле инкишоф меёбад. Шахсони мансабдор наметавонанд, ки бо истифода аз «моддахои чиноии тахкир ва тухмат» ба раванди инкишофи озодии сухан таъсир расонанд. Хамчунон, шахсони алохидаи мансабдор   наметавонанд камбудихои касбиву кории худро пинхон намоянд, наметавонанд садди рохи танкид шаванд. Ин холат метавонад  боиси гуногундешии чамъияти  гардад, инчунин метавонад барои мубориза бо хукуквайронкунихои характери корупсиони дошта мусоидат намояд.      Бар замми ин, холатхои аз озоди махрум кардани журналистон барои диффоматсия аз байн меравад.   
Ман фикр мекунам, ки дар баробари декриминализатсияи тахкир ва тухмат, зарур аст, ки меъёрхои хукукии гражданиии химояи шаъну шараф ва эътибори кори азнав мавриди барраси карор дода шаванд. Ба андешаи ман, зарур аст, ки  намудхои чавобгарии хукукии граждани барои  паст задани шаъну шараф, тахкир ва тухмат пурзуртар карда шаванд, аз чумла дар конунгузории амалкунанда чаримахои молумулки, масъулияти модди пешбини карда шаванд. Ман фикр мекунам, ки  чавобгарии молумулкии журналист барои диффоматсия аз чазои чинояти дида авлотар ва таъсирбахштар  аст, зеро, ки дар мавриди  пардохт кардани маблаги пули журналист масъулияти калонро дарк карда метавонад,  чунки озодии сухан дар баробари  имкониятхои васеъ,  инчунин масъулиятхоро низ пешбини менамояд. 
Барои кадами нахустин гузоштан дар халли ин масъала, фикр мекунам, ки нахуст аз хама бояд, ки конуни нави матбуот кабул гардад ва дар он масъалахо вобаста ба тахкир ва тухмат низ халли хукукии худро бояд ёбанд.  Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма»  14 декабри соли 1990 кабул гардидааст. Дар тули ин солхо, якчанд маротиба ба конуни мазкур тагироту иловахо ворид гардидааст. Бешубха, дар солхои 90 – уми асри гузашта конуни мазкур вобаста ба шароити онвактаи пешрафти чамъияти,  конуни мукамал ба хисоб рафта, яке аз санадхои меъёри хукукии прогресивии кишварамон  ба хисоб мерафт. Бар замми ин, бояд эътироф намуд, ки конуни номбурда дар тули  понздах соли охир тавонист  фаъолияти васоити ахбори оммаро дар доираи мукарарнамудаи  хукуки ба танзим дароварад ва  масъулияти васоити ахбори оммаро дар назди чамъият баланд бардорад. Вале, бояд кайд кард, ки дар тули хафт  соли охир  фаъолияти васоити ахбори оммаи кишвар куллан тагир ёфта,  васеъ гардида, шаклхои нави итилоотони, намудхои нави васоити ахбори омма, усулхои нави робитахои итилооти, намудхои нави ахборпахнкуни ба вучуд омадаанд. Аз ин ру,  пешрафти нави итилооти ва ба вучуд омадани воситахои нави ахборпахнкунии замони муосир   такозои онро менамояд, ки  фаъолияти  васоити ахбори омма  азнав  ба  танзим дароварда шавад ва конуни нави сохаи матбуот тавонад тамоми сохахои фаъолияти васоити  ахбори оммаро ба танзим дароварад.
Бар замми ин, ба андешаи ман Суди Олиро зарур аст, ки тачрибаи баррасии парвандахоро  оиди химояи шаъну шараф, эътибори кори ва парвандахои чиноятиро оиди тахкир ва тухмат бо иштироки намояндагони воситахои ахбори омма мавриди омузиш ва тахлил карор диханд. Мукарароти Карори Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон «Дар бораи тачрибаи аз тарафи судхо барраси кардани парвандахо оиди химояи шаъну шараф, эътибори кори бо иштироки шахрвандон ва ташкилотхо»  тахти № 8 аз 04.06.1992 ба талаботи конунгузории амалкунанда чавобгуй набуда, вале дар амалия мавриди истифода карор гирифта истодааст. Ба андешаи ман, хамчунон, зарур аст, ки дар давраи гузариш ва мухокимаи ин масъала, ба судхои кишвар тавсия дода шавад, ки аз баровардани хукмхои махрум сохтан аз озоди барои тахкир ва тухмат (диффоматсия) нисбати журналистон  худдори  намоянд.
Бо дарназардошти гуфтахои боло, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки маъракаи омузиш ва тахлили масъалаи декриминализатсияи тахкир ва тухмат (диффоматсия) огоз карда шавад,  тахкикотхои хукуки, омори ва тахлилхои тачрибави   аз тарафи сохторхои давлати,  созмонхои хукукхимоякунанда, созмонхои журналисти ва умуман созмонхои гайридавлати гузаронида шавад то ин, ки ин масъала ба тарики мусби хам ба манфиати давлат ва хам ба манфиати субъектони итилоотрасони, аз чумла  воситахои ахбори омма хал карда шавад.